Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони нави Британия бо Карзай мулоқот карданд


Виллям Ҳейг-вазири нави корҳои хориҷаи Британия ва ду вазири дигари кобинаи муҳофизакорони ин кишвар дар Кобул бо раҳбарони Афғонистон мулоқот карданд. Ҳейг бо Лиам Фокс-вазири дифоъ ва Эндрю Митчел-вазири умури байналмиллалии Британия бо Ҳомид Карзай дидор ва гуфтугӯ карданд. Ҳангоми парвоз ба Кобул вазирони кобинаи муҳофизакор гуфтанд, ки сиёсати Британия дар қиболи Афғонистон тағироти чандоне нахоҳад кард. Аммо Фокс дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Таймс" гуфтааст, вай мехоҳад, ки нируҳои Британия "ҳар чӣ зудтар" ба кишварашон баргарданд. Ҳоло дар Афғонистон 9 000 сарбози Британия мустақаранд ва Фокс гуфтааст, ки он "ҳадди ниҳоист".
XS
SM
MD
LG