Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ҳамла карданд


Шӯришиёни Толибон ба фурудгоҳи шаҳри Қандаҳор ҳамлаи мушакӣ ва пиёданизомро оғоз кардаанд. Нируҳои НАТО мегӯянд, чанд нафар аз кормандони онҳо ва шаҳрвандони ғайринизомӣ захмӣ шудаанд, вале шӯришиён натавонистаанд вориди пойгоҳи ҳавоӣ шаванд. Ин ҳамла дар ҳоле анҷом мегирад, ки чанд рӯзи пеш Толибон ба бузургтарин пойгоҳи ҳавоии нируҳои эътилофӣ дар Багром ҳамла бурданд. Дар ҳамлаи Багром як сарбози қарордодии Амрико кушта ва 9 сарбози дигари Амрико ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG