Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони хориҷаи СҲШ дар Тошканд мулоқот карданд


Рӯзи шанбе вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар ҳамоиши худ Тошканд эъломияе ба нашр расонданд. Дар ин эъломия онҳо хостори густариши ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ шудаанд. Владимир Норов-вазири хориҷаи Ӯзбакистон ҳамчунин гуфт, вазирон пешнависи тартиби пазируфтани аъзои нави созмонро ба тасвиб расондаанд. Ҳамоиши кунунии Тошканд навъе омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба шумор меравад. Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин созмон узвият доранд.Дар ин мулоқот аз ҷониби ҳукумати муваққатии Қирғизистон Тулӯндӯ Макеев-муовини вазири корҳои хориҷа ширкат дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG