Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Афғонистон 12 нафар кушта шуд


Мақомти расмии Афғонистон мегӯянд, имрӯз дар вилояти Пактиёи ин кишвар ҳангоми ҷилавгирӣ аз инфиҷори бам бештар аз даҳ нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, ду нафар талош доштаанд, бамеро кор гузоранд. Вале нируҳои Амрикоӣ аз ин кор ҷилавгирӣ кардаанд ва ба сӯи ин ду нафар, ки дар ҳоли гурез будаанд, оташ кушодаанд. Гулобшоҳ-волии вилоят гуфтааст, нируҳои амрикоӣ ин ду нафарро ҳадафи тир қарор додаанд, вале чанд нафари дигар саъй кардаанд, ҷасади онҳоро бо худ бибаранд. Баъд аз ин нируҳои амрикоӣ чархболҳои ҷангиро даъват кардаанд ва ин чархболҳо дастикам даҳ нафари дигарро ба оташ кашидаанд. Гулобшоҳ ва мақомоти афғонӣ ба расидагии ин қазия шурӯъ кардаанд, то дақиқ шавад, ки кушташудагон шӯришӣ будаанд ё хайр.
XS
SM
MD
LG