Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: Русия ба Қирғизистон кӯмак мекунад


Владимир Путин-нахуствазири Русия аз раҳбарони ҳукумати муваққатии Қирғизистон дархост кардааст, ки ба нооромиҳои сиёсӣ ҳар чӣ зудтар хотима диҳанд. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии Мир вазъ дар Қирғизистонро душвор ва номаълум арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин гуфт, Маскав тасмим гирифтааст, ки ба Қирғизистон кӯмакҳои молӣ, ғизоӣ ва ғалла бифиристад. Ба гуфтаи Путин, Русия мумкин аст мӯҳлати кӯмакҳоро тамдид ва меъёри кӯмакҳоро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG