Пайвандҳои дастрасӣ

Путин омода аст кӯмак ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфтааст, ки кишвараш омода аст масъалаҳои кӯмак ба осебдидагони селобҳои Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Путин ин суханонро дар мулоқоташ бо Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт. Ин дар ҳолест, ки то кунун кишварҳои бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва созмонҳои байналмиллалӣ барои кӯмак ба осебдидагон изҳори омодагӣ кардаанд. Нахуствазири Тоҷикистон дар посух гуфтааст, мардуми кишвараш дар рӯзҳои душвори офат ба кӯмаки маҳофили байналмиллалӣ, аз ҷумла ба кӯмаки Русия ниёз доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG