Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон аз намоишгоҳи Шонгҳой боздид кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико имрӯз дар ҷараёни силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Осиё дар Шонгҳой аз намоишгоҳи байналмиллалӣ боздид кард. Вай дар ҷараёни ин боздидаш бештар ба масъалаҳои тиҷоратӣ ва бӯҳрони Кореяи Шимолӣ таваҷҷуҳ хоҳад дошт. Дар намоишгоҳи байналмиллалии Шонгҳой хонум Клинтон аз ҳамкориҳои Амрикову Чин ситоиш кард. Бо мардум, ҳозирини намоишгоҳ паём фиристод ва якҷо бо онҳо аккосӣ кард. Дар ин боздид Ҳилларӣ Клинтонро як ҳайати қавии 200 нафарӣ ҳамроҳӣ мекунад ва онҳо барои густариши ҳамкориҳо бо Чин ва беҳбуди равобити стратегӣ бо мақомоти расмии Чин дидор ва гуфтугӯ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG