Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 мусофир аз сонеҳаи ҳавопаймои Ҳинд наҷот ёфт


Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки 8 нафар аз бозмондагони суқути ҳавопаймои мусофирбари Ҳиндустон наҷот дода шудаанд. Ин ҳавопаймо дар ғарби шаҳри Мангалори Ҳиндустон ба садама дучор шудааст ва 158 нафар кушта шудаанд. Ҳавопаймо ҳангоми фуруд аз хати нишаст берун рафт ва ба теппаи пурдарахт бархӯрда оташ гирифт. Ҳавопаймои Боинг 737-800 аз шаҳри Дубай парвоз мекард. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, халабони ҳавопаймо як марди серб будааст ва дар ин хат борҳо парвоз кардааст. Вай яке аз халабонони хориҷӣ будааст, ки бо ширкати ҳавоии Ҳиндустон қарордод доштааст.

XS
SM
MD
LG