Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи «Ояндасоз» дар ин навбат ба мавзӯъи «Ҷавонони хатмкардаи донишгоҳҳои вилояти Суғд ва мушкили дарёфти ҷои кор» бахшида шуд.

Мушкили пайдо кардани ҷои кор баъди донишгоҳ мавзӯест, ки солҳои охир ҷавонони соҳибтахассус ва худи волидайнро низ дар ин минтақа бештар нигарон кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола донишгоҳҳои вилояти Суғдро, ки ҳоло 7 адад шумурда мешавад, ҳудуди 4 ҳазор донишҷӯ бо ихтисосҳои гуногун хатм мекунанд, вале бисёре аз онҳо ба сафи бекорон пайваста, ноилоҷ борои дарёфти кору рӯзӣ роҳ сӯи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Кадом омилҳо барои дарёфти ҷои кори хуб барои як ҷавони соҳибдипломи дорои тахассус зарур аст: Донишу савод?, «Тағо» ?, Ё дигар роҳҳо?

Дар ин сӯҳбати мизи мудаввар ҷавонони хатмкардаи донишгоҳҳо, донишҷӯён, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва коршиносон иштирок доштанд, ки якҷо сари ин суолҳо баҳс карданд.

XS
SM
MD
LG