Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳавопаймои ширкати Эйр Индия Экспресс бо беш аз 160 мусофир дар дохилаш ҳангоми фуруд ба шаҳри Мангалор суқут кард. Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, 8 нафар наҷот дода шудаанд.

Ин ҳавопаймо дар ғарби шаҳри Мангалори Ҳиндустон ба садама дучор шудааст ва 158 нафар кушта шудаанд. Ҳавопаймо ҳангоми фуруд аз хати нишаст берун рафт ва ба теппаи пурдарахт бархӯрда оташ гирифт.

Ҳавопаймои Боинг 737-800 аз шаҳри Дубай парвоз мекард. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, халабони ҳавопаймо як марди серб будааст ва дар ин хат борҳо парвоз кардааст. Вай яке аз халабонони хориҷӣ будааст, ки бо ширкати ҳавоии Ҳиндустон қарордод доштааст.

Субҳи барвақт бархе аз хабаргузориҳо аз қавли мақомоти расмӣ навишта буданд, ки ҳеҷ нафаре аз ин ҳавопаймо зинда намондааст.

Торнамои ББС менависад, бархе аз хабаргузориҳои ҳиндӣ, дар ҳамин ҳол, аз эҳтимоли зинда мондани чанд нафаре аз ин садама хабар медоданд. Шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ наворҳоеро нишон додаанд, ки чӣ гуна як наҷотбахши ҳиндӣ аз даруни алангаи оташ кӯдакеро берун меорад.

Як намояндаи фурудгоҳи Мангалор ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, дар дохили ҳавопаймо 163 мусофир ва 6 узви экипаж буд.












































































































XS
SM
MD
LG