Пайвандҳои дастрасӣ

Тахриби бозори "Баракат"-и Душанбе оғоз ёфтааст


Тахриби бозори "Баракат" дар маркази шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст ва мақомот мегӯянд, ин бозор ба маҳаллаи "Зарафшон" дар каронаи пойтахт интиқол дода хоҳад шуд. Қаблан дӯкону ғуфраҳои атрофи бинои асосии бозор тахриб шуданд, ки дар натиҷа 200 нафар аз шуғли худ маҳрум гашт. Тахриби бозор, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, тибқи нақшаи умумии бозсохт ва рушди Душанбе ҷараён дорад. Қаблан низ чандин бозори Душанбе, аз ҷумла бозори хусусии "Зарнисор" тахриб шудаанд. Аксари бозорҳои нав шӯҳрат ва анъанаҳои бозорҳои қаблиро ба даст наовардаанд.
XS
SM
MD
LG