Пайвандҳои дастрасӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷануби Тоҷикистон, дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа бунгоҳҳои вижаи моякӯбӣ таъсис шудааст.

Ҷӯрахон Наҷмиддинов, сарвари дафтари минтақаии Маркази моякӯбии Тоҷикистон мегӯяд, барои шаҳрвандони хориҷие, ки аз роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба қаламрави вилояти Хатлон ворид мешаванд, дар сурати гирифтори вируси ёбоӣ набуданашон, иҷозаи будубош дар Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Олим Шарифов, сухангӯи раёсати гумруки вилояти Хатлон мегӯяд, ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим - ҷилавгирӣ аз убуру мурури беморони фалаҷ мебошад.

Ӯ гуфт, азбаски Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон аз кишварҳои сарчашмаи вируси ёбоӣ хонда мешавад, дар гузаргоҳҳое, ки дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон воқеанд, бунгоҳҳои вижаи эмгузаронӣ бунёд шуда, шаҳрвандони хориҷӣ баъди эм гузаштан дар нуктаҳои марзӣ, вориди хоки Тоҷикистон мешаванд:

«Шаҳрвандони чӣ Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз тариқи гузаргоҳи марзи омаду рафт мекунанд, ҳатман моякӯбӣ мешаванд. Дар нуктаи гумрукӣ лабораторияи махсус ҳаст, духтурон он ҷо кор мекунанд. Бештар аз гузаргоҳи Панҷи Поён шаҳрвандони Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка истифода мекунанд, ки бештарашон тоҷирон ва донишҷӯён ҳастанд. Дар ин кишварҳо, ки вируси ёбоии фалаҷи канора хурӯҷ кардааст ва ба иддаои пизишкон, ин вирус аз он ҷо сарчашма мегирад, аз эҳтимол дур нест, ки ин шаҳрвандон метавонанд ҳомили вирус бошанд. Аз ин рӯ, мақсад аз эмгузаронии ҳатмии онҳо ҳам дар марз ин аст, ки онҳо дигаронро сироят накунанд…»

Нусратулло Амиров, раиси Маркази минтақаии ташаккули тарзи ҳаёти солим мегӯяд, агар дар саросари Тоҷикистон наздики 400 бемор бо нишонаҳои бемории фалаҷ ба қайд гирифта шудааст, 184 нафар аз онҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ба сар мебаранд.

Камҳавсалагии волидон дар моякӯбии кӯдакони хатлонӣ

Бо ин вуҷуд, Нусратулло Амиров меафзояд, сарфи назар аз эълони маъракаи миллии моякӯбӣ ба кӯдакони то 6-сола дар Тоҷикистон, ҳамоно камҳавсалагии сокинони вилояти Хатлон барои ширкат дар ин маърака ба мушоҳада мерасад:

«Агар дар Аврупо як нафари мубтало ба бемории фалаҷи канора кашф шавад, дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, мисли Тоҷикистон, ин хатари гирифторшавӣ 10 маротиба бештар аст. Барои чӣ мо метерсем? Чунки мо эътимоди комил надорем, ки ҳамаи падару модарон нисбат ба саломатии фарзандони худ масъулиятшинос бошанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ки баъзан волидон намедонанд, ки кӯдакашон аз кадом навъи бемории сироятӣ моякӯбӣ шудааст. 80 дарсади мавридҳое, ки мо дар Тоҷикистон бар асари бемориҳои сироятӣ талафот дорем, ин бемориҳои идорашаванда ҳастанд ва то 16-солагӣ аз ҳама навъҳои бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ бояд шавад. Агар волидон ҳама марҳилаҳои эмгузаронии фарзандонро риоя кунанд, миллионҳо сомонӣ бар суди оилаҳо ва давлат сарфа хоҳад шуд…»

Қарор аст дар се давраи эмгузаронии кӯдакони зери синни 6 дар вилояти Хатлон беш аз 420 ҳазор кӯдак моякӯбӣ шаванд.

Ҳашт дарсади кӯдакони Хатлон моякӯбӣ нашудаанд

Ба гуфтаи Ҷӯрахон Наҷмиддинов, сарвари дафтари минтақаии Маркази эмтаъминкунии Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал ҳудудан се ҳазор кӯдаки то 6-сола дар Хатлон моякӯбӣ нашудаанд.

«Барои гузаронидаи ҳамин маърака мо аввал 476 нуктаи эмгузаронӣ ташкил кардем. Аммо бо мақсади фарогирии ҳама кӯдакон дар Хатлон мо боз дар кӯдакистону мактабҳо ҳам нуктаҳои муваққатии моякӯбӣ ташкил кардем, то ки ягон кӯдак моякӯбӣ нашуда намонад. То рӯзи 21 май дар Хатлон беш аз 387 ҳазор кӯдаки то 6-сола (92%) моякӯбӣ шудаанд…»

Ҷаноби Наҷмиддинов афзуд, феълан ҳудуди 5 ҳазор корманди муассисаҳои тиббии Хатлон ва 500 нафари ихтиёрӣ ба маъракаи эмгузаронии кӯдакони то 6-сола сару кор доранд.

Аммо мақомоти Хатлон аз ироаи омори расмӣ дар бораи шумораи маъюбшудаҳо ё фавтидагон бар асари фалаҷ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, то рӯзи 18-уми май 12 нафар бар асари ин беморӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба хатарзо будани ин вируси ёбоӣ, пизишкони хатлонӣ аз сокинони маҳаллӣ даъват мекунанд, ки дар сурати мушоҳидаи ҳарорати баланди бадан, шамолхӯрӣ, хоболудӣ, камҳаракатию бемадорӣ ва дарунравӣ дар фарзандони хурдсоли худ, ба зудтарин фурсат ба муассисаҳои тиббӣ муроҷеъ шаванд, чун ин ҳама нишонаҳои аввалини бемории фалаҷ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG