Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 фаластинӣ ҳангоми убур ба Исроил


Нерӯҳои исроилӣ ду фаластинии мусаллаҳро, ки аз Навори Ғаззаи таҳти назорати Ҳамос вориди қаламрави Исроил шуданд, ба ҳалокат расонданд. Ҳеҷ гурӯҳе дар Ғазза масъулияти ин воқеаро бар дӯш нагирифтааст. Ҳамос аз гурӯҳҳи хурдтари мусаллаҳ даъват кардааст, аз ҳамла ба Исроил худдорӣ кунанд. Бино бар як хабари дигар ҳарбиёни исроилӣ нақбҳоеро дар марзи Ғазза бо Миср баъд аз як мушакпартоии фаластиниҳо ба ҳудуди Исроил мушакборон кард.
XS
SM
MD
LG