Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони футболбозони навраси тоҷик муайян шуданд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони синни то 16-сола дар гурӯҳи «А» бозӣ хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа, ки аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2010 дар Тошканд баргузор мешавад, бо дастаҳои мунтахаби Узбакистон, Урдун ва Индонезия қувваозмоӣ мекунанд.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Уммон, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ ва Вйетнам ва ба гурӯҳи «D» Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин ва Кувайт дохиланд.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонӣ, ки соли 2011 дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG