Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мудири истихбороти миллии Амрико истеъфо дод


Денис Блейр, баландпоятарин мақоми истихборотии Амрико, дар пайи баҳсҳо аз нокомии хадамоти истихборот, ки натавонистааст аз чандин талоши террористҳо дар Амрико ҷилавгирӣ кунад, истеъфои худро эълон кард.

Ҳодисаҳои ҳуҷум ба ҳавопаймо дар остонаи соли нав ва талоши бомбгузории як худрав дар Таймз Сквери Ню-Йорк аз рӯшантарин намунаҳои ин нокомӣ номбар шудаанд.

“Занҷираи заиф”-и тими Обама?

Раҳбари хадамоти истихбороти Амрико аввалин мақоми баландпоя дар ин сатҳ аст, ки аз тими амнияти миллии Барак Обама хориҷ шудааст. Оқои Блейр дар изҳороти худ гуфт, истеъфои ӯ сар аз рӯзи 28-уми май ҳукми иҷро мегирад.

Фаъолияти 16-моҳаи Денис Блейр дар мақоми раҳбари истихборот ва ҳамоҳангсози фаъолиятҳои хадамоти махсус бо шикоят аз баҳсҳои ӯ ва раҳбарони ин хадамот ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд. Ба сурати умум, ӯ натавонистааст ҳамоҳангиро дар байни бахшҳои мухталифи истихборот таъмин ва сифати кори онҳоро беҳтар кунад.

Денис Блейр ба думболи кӯшиши ал-Қоида, ки мехост дар остонаи соли нав як ҳавопаймои амрикоиро аз байн бубарад, ба интиқоди шадид рӯ ба рӯ гардид. Хадамоти таҳти назари Блейр ҳамчунин барои ҳодисаи Форт Ҳуд (куштори 13 нафар дар Техас аз ҷониби афсари мусалмон, равоншиноси артиши Амрико Нодил Малик Ҳасан) танқид шунидааст. Зарбаи саввум ба ин хадамот ва Денис Блейр талоши амали террористӣ дар Ню-Йорк, ки як амрикоии покистониасл мехост анҷом диҳад, буд.

Баҳс макун бо арбоб...

Аммо, ба сурати умум, муҳорибаи Блейр бо раҳбари СРУ Леон Паннета барои нуфуз ва изҳороти худи Блейр ба думболи ҳодисаи ҳуҷуми ҳавопаймо буд, ки ӯро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дод.

Ду мақоми Конгресси Амрико ба таври хусусӣ ба матбуот гуфтаанд, баҳси Блейр бо Паннета сари интихоби намояндагони махсуси худ дар сафоратҳои Амрико, ӯро дар ҳоли бохт қарор дод. Блейр санади раҳнамудеро содир ва эълон кард, ки намояндагони худро барои хориҷ интихоб хоҳад кард. Аммо раҳбари маркази иктишофоти Амрико Леон Паннета дар посух ба кормандони худ гуфт, ки масъулиятро идома диҳанд. Ин нофармонӣ обрӯи Блейрро комилан рехт ва ӯ эътимоди раисҷумҳурро аз даст дод.

Денис Блейр қабл аз истеъфо дар Конгресс гузориш дод ва гуфт, ошкор намудани террористҳои эҳтимолӣ барои хадамоти махсус душвор шудааст - изҳороте, ки обрӯи ӯро дар назди Кохи Сафед поин овард.

Бар пояи қонунҳои Амрико, то тасдиқи номзади нав аз тарафи Сенат вазифаи ӯро муовини аввали раҳбари истихборот Девид Комперт иҷро мекунад.
XS
SM
MD
LG