Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми 1040 соли зиндон ба ҷудоихоҳони баск


Додгоҳи Испания се узви ҷумбиши ҷудоихоҳони баскии ЕТА-ро бо иттиҳоми даст доштан дар бмобагузориҳои соли 2006-и Мадрид ба 1040 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҷурми Матин Сарасола, Игор Порту ва Микел Сан Себастянро дар бомбагузорие, ки бар асари он ду муҳоҷири эквадорӣ ҳангоми хоб дар мошини худ кушта шуданд, исбот кард. Аммо онҳо танҳо то 40 солро дар зиндон ба сар хоҳанд бурд, ки дар Испания болотарин ҳадди ҷазо барои терроризм ба шумор меравад. Ҷумбиши ЕТА, ки даҳсолаҳо ба ин сӯ барои ташкили давлати мустақили баскҳо дар шимоли Испания ва ҷанубуғарби Фаронса меҷангад, сабабгори марги зиёда аз 820 нафар шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG