Пайвандҳои дастрасӣ

Як хатмкунандаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд ба Озодӣ нома навишт ва шикоят кард, ки раҳбарияти донишгоҳ бо сабаби нахаридидани саҳмияҳои Роғун ба донишҷӯён иҷозаи ҳимояи кори дипломӣ ва имтиҳоноти давлатиро надодааст.

Беэътиноӣ ба паёми раисҷумҳур?

Ин донишҷӯ, ки аз тарси мавриди фишор қарор нагирифтан дар пешорӯи имтиҳоноти хатм хоҳиш кард, аз бурдани номаш худдорӣ кунем, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, донишгоҳ ҳатто баъд аз паёми ахири раисҷумҳур, ки дар он ба таври иҷборӣ фурӯхта шудани саҳмияҳои Роғун интиқод кард, ҳамоно аз онҳо доштани саҳмияҳоро талаб мекардааст:

«Бачаҳо вақте мераванд, мехоҳанд иҷозат бигиранд, ба онҳо иҷозати супурдани имтиҳоноти давлатиро намедиҳанд. Мепурсанд, ки сабабаш чӣ аст? Мегӯянд, ки саҳмия надоред. Рафта, саҳмия харида оед, баъд ба шумо мо иҷозат медиҳем. Онҳо мегӯянд, ки ҳоло саҳмия намефурӯшанд, аз куҷо гирем? Посух медиҳанд, ки ин мушкили шумост, вақте донишгоҳ мефурӯхт, бояд мехаридед».

Ба ин мусоҳибамон, ки хатмкунандаи Донишгоҳи технологии Хуҷанд аст, иҷозаи ворид шудан ба имтиҳоноти давлатиро надодаанд. Вай мегӯяд, волидонаш бознишастаанд ва зиндагии худро бо расонидани хизматҳои мухталифи маишӣ пеш мебарад ва ба хотирӣ аз имтиҳонот дур намондан, маҷбур аст аз бонкҳо ҳадди ақал бар ивази 100 сомонӣ саҳмия бихарад.

Раҳбар рад мекунад

Анвар Мақсудов, раҳбари Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд, ин иддаои донишҷӯёнро рад кард. Вай мегӯяд, донишгоҳ, ки 1800 донишҷӯ ва 100 омӯзгор дорад, дар моҳи январ ба маблағи 230 000 сомонӣ саҳмияҳои НОБ-и Роғунро харидорӣ карда буд:

«Ҳеҷ кас маҷбур намекунад, ки саҳмия харанд. Донишҷӯён танҳо барои он иҷозат намегиранд, ки аз маблағи шартнома қарздор бошанд ё кори дипломӣ омода набошад ё имтиҳоноти давриро насупурда бошанд.»

Посухи донишҷӯ

Дар ҳамин ҳол, боз гӯшии телефонро мегирам ва ба ин донишҷӯ занг зада, мепурсам, ки оё камбудиҳои раҳбарашон гуфтаро дорад ё на? Донишҷӯйи ҳамсӯҳбатам афзуд, дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунад, кори дипломиаш ҳам тайёр ҳаст ва аз имтиҳоноти ҷорӣ қарздор нест.

Муовини вазири маориф мегӯяд....


Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишвар, мегӯяд, аз замони шурӯъи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун Вазорати маориф ба ҳама эълон кардааст, ки харидории саҳмияҳо пурра бояд ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти оливу касбӣ, донишҷӯёну омӯзгорон ба роҳ монда шавад. Фарҳод Раҳимов мегӯяд, вазорат оид ба маҷбур кардани донишҷӯён дар харидории саҳмияҳо овозаҳои мухталифро шунидааст ва барои садди роҳи ин амал шудан, ба садорати тамоми донишгоҳу омӯзишгоҳҳо мактуб ирсол кардаанд, ки тавсия ва тарғиби харидории саҳмияҳоро бо маҷбурсозиву фишор омехта насозанд:

«Агар дар намояндагии донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд чунин иқдом бошад, ин амалро мо ғайриқонунӣ мешуморем. Аз донишҷӯёни мӯҳтарам хоҳиш мекунем, ки ба таври расмӣ ба вазорат муроҷиат кунанд».

Дар Душанбе ин мушкил нест?

Аксари донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт мегӯянд, дар мавсими тобистонаи имтиҳонот дар ин хусус ба онҳо чизе нагуфтаанд, чун онҳо дар моҳи январ аз саҳмияҳои Роғун харидорӣ карда буданд.

Умед, Шоён ва Фаридун, донишҷӯёни Донишгоҳи техникии кишвар, мегӯянд, дорандаи саҳмияи сад сомонаанд ва онро ихтиёрӣ харидаанд, зеро тарафдори он ҳастанд, ки нерӯгоҳ сохта шавад. Гуландом, хатмкунандаи факултаи молияи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ, мегӯяд, аз саҳмияҳои Роғун харидорӣ накарда буд, аммо барои ворид шудан ба имтиҳонот ҳеҷ мушкил надошт ва аз имтиҳони аввали давлатӣ баҳои аъло гирифт.

Аммо як донишҷӯи соли дуввуми факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгорӣ, мегӯяд, онҳо дар ду давра аз саҳмияҳои Роғун бар ивази 200 сомонӣ харидорӣ кардаанд. Вай мегӯяд, ба онҳо гуфтаанд, ки агар бори дуввум саҳмия нахарида бошед, ба мавсими имтиҳоноти тобистона роҳ нахоҳед ёфт.

Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишвар, мегӯяд, то ба имрӯз аз ҷониби донишҷӯён ба вазорат ба таври расмӣ дар мавриди маҷбурӣ фурӯхта шудани саҳмияҳо муроҷиат нашудааст. Дар сурати шикоят кардани донишҷӯён вазорат ваъда медиҳад, ки тибқи қонуни меҳнат, нисбат ба раҳбарони донишгоҳҳо чораҳои интизомӣ андешида шуда, пеши роҳи ин амалҳо гирифта хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG