Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон интихоботи Қарабоғи Кӯҳиро маҳкум кард


Кумиссюни марказии Озарбойҷон интихоботи порлумонии минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳиро ғайриқонунӣ номид. Дар изҳороти он гуфта мешавад, ин интихобот хилофи қонуни асосии Озарбойҷон ва қонунҳои байнулмилалӣ мебошад. Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон низ интихобот дар Қарабоғи Кӯҳиро маҳкум кард. Аммо раиси кумиссюни интихоботии Қарабоғи Кӯҳӣ Сергей Насибиён гуфтааст, мақомоти минтақа ба ин баёнияҳо эътиборе қоил нестанд.
XS
SM
MD
LG