Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишасти солонаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Женева коршиносон стратегияи нави мубориза бо полиомелитро муаррифӣ намуданд, ки ҳадафи ниҳоии он маҳви саросарии ангезаи ин беморӣ мебошад.

Ҳар чизи нав кӯҳнаи фаромӯшшуда аст?

Баъзе иштирокчиёни нишаст мегӯянд, стратегияи нав идомаи ҳамон стратегияи кӯҳна аст ва агар он ҳам ноком шавад, аслан идомаи ин барнома зери суол қарор мегирад.

Тибқи пешниҳод сирояти ангезаи полио бояд то соли 2012-ум пурра маҳв гардонида шавад, зеро баъз аз он дарёфти сармоя аз донорҳо душвор мешавад.

Аз асп фаромадааст, аз узангу не


Муборизаи саросарӣ бар зидди полио бо иштироки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ЮНИСЕФ-Бунёди кӯдакони СММ ва созмони Ротарӣ Интернешнл дар соли 1988 шурӯъ ва дар соли 2003-ум муаллифони барнома иброз доштанд, ки сирояти саросарии полио 99 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар мамолики ғарбӣ нишоне аз ин ангеза намондааст, вале дар Афғонистон, Ҳиндустон, Нигерия, Покистон ба таври муназзам ҳодисаҳои сирояти ангезаи полио ташхис мешавад.

Ангезаи полио одатан ба воситаи оби касиф ба тани кӯдакони аз панҷсолаи хурдтар сироят мекунад.

Дар стратегияи нави мубориза бо полио ҳадаф дар ҳар кишвар мушаххас мебошад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт назорати тавсеаи ангезаро таҳким бахшида, ҳукуматҳоро ба аксуламал водор хоҳад кард. Аммо, дар ин санад дар бораи ҳукуматҳои саркаш аз дастурҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт чизе ба чашм намехӯрад.

Пол Адовоҳепке, раиси барномаи мубориза бо полио дар Нигерия, ки аз тарафи ЮНИСЕФ сарпарастӣ мешавад, мегӯяд, дар соли 2003-ум онҳо маҷбур буданд, ки муддате иҷрои барномаро мутаваққиф кунанд, зеро дар байни мардум овозаҳо паҳн шуда буданд, ки гӯё ваксина худ сабаби тавсеаи беморӣ мебошад. Вале, ба қавли Адовоҳепке, имрӯз сокинони Нигерия худ ба назди табибон рафта, дархост мекунанд, ки кӯдаконашонро бар зидди полио эм кунанд.

Мавзӯъи Тоҷикистон


Дар нишасти Женева сирояти полио дар Тоҷикистон зикр шуд. Ҳозирин ёдовар шуданд, ки чандин сол ба ин тараф дар Тоҷикистон ин бемориро ба қайд нагирифта буданд ва эпидемияи ахир комилан ғайриинтизор буд.

Брюс Айлвард, раиси бахши мубориза бо полио дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт, мегӯяд, агар сармоягузории барномаи саросарии мубориза бо полио мутаваққиф гардад, ҳар сол аз 200 то 400 кӯдаки рӯи олам гирифтори бемории фалаҷ хоҳанд шуд.

Ба ҳар ҳол, коршиносон аз он нигаронанд, ки шояд сабру тоқати 22-солаи сарпарастони молии барномаи саросарии мубориза бо полио тоқ шуда, таъмини молии он коҳиш ёбад.

Феълан, аз ҳисоби донорҳои саховатманд солона барои иҷрои ин барнома то 750 миллион доллар тахсис дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG