Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳеҷ нафари зинда аз ҳавопаймои суқуткарда"


Мақомоти Афғонистон пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар кӯҳҳои он кишварро дарёфт карданд, аммо аз 44 мусофир ва халабони он нишони касеро зинда наёфтанд. Се халабони ин ҳавопаймои «Ан-24»-и мутаалиқ ба ширкати «Помир»-и Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Танҳо рӯзи панҷшанбе, пас аз он ки ҳавопаймои ҷустуҷӯгари дигаре пораҳои «Ан-24»-ро дар Шакардара, дар баландии 4.100 метр аз сатҳи баҳр дарёфт, аз суқути он хабар дода шуд.

Ҳамакнун, вазири ҳавонавардии Афғонистон мегӯяд, ҳеҷ нишоне аз зинда мондани касе аз ин ҳавопаймо наёфтаанд. Ҳадди ақал ду халабони ин ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Халабонҳои тоҷикистонии ҳавопаймои суқуткарда

Вазири ҳавонавардии Афғонистон Муҳаммадулло Баташ ба хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» гуфтааст, гурӯҳҳои ҷустуҷӯгар рӯзи ҷумъа, 21-уми май, ба маҳалли суқути ҳавопаймо расиданд, вале ҳеҷ пайе аз зинда мондани нафаре аз ин ҳавопаймо дарёфт накардаанд.

Дар ин ҳавопаймо, ки халабонҳояш шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ҳашт мусофири хориҷӣ ва боқимонда афғонҳо нишаста будаанд. Се нафар аз ин хориҷиҳо бритониёӣ ва як нафарашон амрикоӣ будааст. Гуфта мешавад, шаҳрвандони Покистон ва Австралия низ дар миёни мусофирон будаанд, аммо шумораи онҳо эълон нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шаҳрванди ин кишвар будани ҳадди ақал ду халабони ин ҳавопайморо таъид кард. Инҳо Александ Деймуров ва Гулмаҳмад Қаюмов мебошанд. Оҷонсиҳои хабарӣ шумори халабонҳои тоҷикро се нафар навиштаанд, вале ҳанӯз аз нафари саввум ном бурда нашудааст.

Аксҳое, ки НАТО бардоштааст, нишон медиҳад, ки ҳавопаймо ба чаҳор қисм пора шуда, дар дурии 38 километр аз шимоли Кобул суқут кардааст. Ҳавои бад ва мушкилгузар будани роҳҳо корҳои ҷустуҷӯиро саривақт номумкин кардаанд.

Ширкати «Помир Эйрвейз» соли 1995 ба фаъолият шурӯъ карда, асосан дар дохили Афғонистон парвозҳо анҷом медодааст ва аз хатсайрҳои беруна ба Дубай ва дар мавсими ҳаҷ ба Саудӣ парвоз доштааст. Амонуллоҳ Ҳамид, мудири ин ширкат, гуфтааст, ҳавопаймои суқуткрада се моҳ қабл дар Булғористон аз санҷиши техникӣ гузашта буд.

«Ан-24» дар солҳои 1950-1978 дар Шӯравӣ сохта мешуд. Навъи модернтари ин ҳавопаймо ҳанӯзам дар Чин тавлид мешавад ва ба сабаби осонии истифода ва арзонии он аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои зиёди фақир харидорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG