Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуд дар миёни даҳшату марг


Дар ҳоле, ки ҷасади як тифли беҷонро субҳи 7-уми май дар маҳаллаи Чармгари Поён гурӯҳи наҷот аз сел берун мекарданд, зани дигаре бо сару тани лойолуд, ки ба тозагӣ аз марг наҷот ёфта буд, дар яке аз таваллудхонаҳои Кӯлоб тифл ба дунё овард. Тазодд! Навзоде ба тозагӣ ҷаҳонро падруд гуфта, дигаре ба дунё омада...

Ман намедонам, ки фардо ин тифл чӣ гуна аз замони таваллуд шуданаш ёд мекунад. Агар Худованд умри бардавомаш бидиҳад, шояд барои ҳамешагӣ давоми умр қисса кунад:

-Замоне ман ба дунё омадам, борони сахт борид, сел омад, садҳо хона вайрон шуд ва даҳҳо нафар кушта... Ман дар батни модар он ҳама даҳшатро эҳсос мекардам ва шукр доштам, ки қабл аз ин ҳодиса ба дунё наомадаам. Зеро чандин тифли навзоду бузургтар аз дасти модар дар ин офат раҳо шуданд ва барои ҳамешагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Шукр кардам, ки батни модар бароям беҳтарин сарпаноҳ шуд. Шукр кардам, ки ман дар батн будам ва барои модар имкон додам, то ба ҳар ду даст, шохаҳои тути рӯи ҳавлиро бидорад ва ману худро аз марг наҷот бидиҳад. Дар гушҳои ман он ҳама даҳшат, доду фиғон барои ҳамешагӣ садо хоҳад дод.

Ман замоне ба дунё омадам, ки даҳҳо нафар аз зиндагӣ дасту дил шуста, ҳанӯзам дар моварои маргу зидагӣ болои бомҳо буданд. Аммо ман наҷот ёфтам ва ду ҳафта қабл аз мӯҳлат таваллуд ба дунё омадам. Ман замоне ба дунё омадам, ки модарам дарди таваллуди маро фаромӯш карда, бар суроғи дигар наздикон навҳа мекард. Ва падар низ то як рӯзи бади таваллуд наздам ҳозир нашуд ва ҳатто дигар гулдастае ба модарам чун рамзи муҳаббат ҳадя накард...

Фикр мекунам, ин аз як сӯ талхтарин ва аз сӯи дигар ширинтарин ҳикоя барои ин тифл хоҳад буд.

Қиссаҳое, ки сел эҷод кард

Бо ҳамкорам Зарангези Наврӯзшоҳ аз Кӯлоб барномаи “Ояндасоз”-ро омода мекунем. Аз вазъи волидайни атфоле, ки дар паи офат ҷон бохтанд ва он наврасоне, ки ҳамакнун на ҷиҳози мактабӣ доранду на либоси мактабравӣ барнома мекунем. Аммо дар пайдо кардани як мусиқие, ки байёнгари дарди дили даҳҳо модари ғамзадаву наздикони ҷигарреши ин фоҷеаро бозгӯ кунад, оҷиз мемонем. Шояд ин фоҷеа, дигар дар қолаби мусиқиву суруд намегунҷад? Шояд шунавотарин мусиқӣ дар ин лаҳза барои волидайн садои тифлаш бошад, ки дигар паҳлӯяш нест?!

Чӣ тавр метавон ба дарки дарди Фирӯза ном зане расид, ки аз Русияи баргашта, фақат ҷасади беҷону лойолуди ду тифлашро мебинад. Дар ҳоле, ки ӯ дар ду борхалта барои ин фарзандон ҷиҳози мактабӣ харидорӣ кардааст. Нашастамоҳ Камолова, модари Фирӯза гуфт, духтараш пас аз дидани ин манзара ақлашро бохт ва ҳамакнун дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии шаҳри Кӯлоб бистарист.

Чархбол танҳо барои президент?!

Як сокини осебдидаи маҳаллаи Чармгари Поён, ки дар паи офати табиӣ ду фарзандашро аз даст додааст, мегӯяд:

-Мардумро об бурда кушт. Одамони зиёд дар болои бомҳо баромада буданд, агар вертолёт мешуд, мумкин чанд каса зинда мебароварданд. Вертолёт пайдо нашуд, баъд бегоҳӣ президент бо вертолёт ба Кӯлоб омад. Вертолёт дар Тоҷикистон фақат барои прездент аст?! Фақат барои Эмомалӣ Раҳмон?! Магар ин мардум қадр надошт, ки як вертолёт равон мекарданд ва аз марг наҷоташон медоданд.

Дар ин маврид, воқеан, ба ҷои ҳодиса омадани як чархбол хеле муҳим буд, то сокиноне, ки болои бомҳои хонаҳояшон то дер гоҳ ҷон ба саломат бурда буданд, метавонист наҷот бидиҳад. Ҳарчанд, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагони кишвар дархост карданд, то ба кӯмаки ин мардум чархбол фиристанд, аммо бо сабабҳои номаълум хоҳиши эшон иҷро нагашт ва мардуми зиёде зери об монд.

Ду рӯз пас, Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдорӣ Кӯлоб гуфт, ки чархбол танҳо бинобар бад будани вазъи ҳаво натавонист ба наҷоти сокинон биояд, вале сокинон шоҳид буданд, ки ҳангоми омадани президент бо чархбол ҳаво аз субҳ то бегоҳ ҳеҷ тағийр наёфта буд.

Нотавонии ҳукумат ва зораи раиси шаҳр назди русҳо

Ин офати табии бори дигар нишон дод, ки аз дасти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳукумати шаҳру вилояти барои наҷоти сокинонаш чизе намеояд.

-Ман аз соати 6- саҳар, қариб 2 соат назди қисми ҳарбии русҳо гиряву зора кардам, ки танку БТР-ҳои худро ба кӯмаки сокинон фиристанд. Онҳо барои баровардани як БТР то Маскав занг зада иҷоза мегирифтанд ва то чанд вақт мегузашт. Русҳо гапи моро грифтанд ва ду БТР-ашонро ба кӯмаки мардум фиристоданд, - гуфт Ҳамид Абдуллоев раиси шаҳри Кӯлоб.

Ҷои иқрор аст, ки ин зиреҳпушҳои Русия, ҳарчанд соати 9-и рӯз ба мавзеи ҳодиса ҳозир шуда бошанд ҳам, аммо тавонитсанд, чандин нафарро аз коми марг наҷот диҳанд ва дар ин маврид кормандони кумиати ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулини шаҳру минтақа тамошобин буданд.

Пас аз тамошои ин манзара ба хулосае расидам, ки ҳукумати маҳаллие, ки мустақилона барои наҷоти сокинонаш коре намекунад, дигар ба кӣ лозим аст.

Барои ин ҳодиса киро бояд ҳабс кард?

Шоҳидон қисса мекунанд, ки аз пеш омадани чунин як фоҷеа тақрибан намояндагони ҳукумати маҳаллӣ огаҳ буданд. Зеро дар селборон 6-ум ва 7-уми апрел дарёчаи Тебалай, ки зарари асосиро ба сокинон он расонид, аз санг то нисф пур шуда буд. Раҳмат Камолов, як сокини офатзада мегӯяд, сокинон борҳо мушоҳида карданд, ки ҳади ақал як тасмачарх ин санговро аз санг тоза кунад, вале касе ба ҳарфашон гуш надод. Ба хусус, муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон Пирмад Зарипов.

-Бовар кунед, баъзе роҳбарон аз селу селзанӣ манфиат меҷӯянд. Онҳо ҳаминро ба фикрам интизор буданд, ки сел занад, зарар расонад, баъд онҳо фоида бинанд, - мегӯяд ӯ.

Ҳар сол барои садбандии дарёчаи Тебалай ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо мекунад, вале ҳеҷ нест, ки вазъ дар инҷо тағийр ёбад. Ба хусус, соли ҷорӣ ҳукумати марказӣ наздики 2- миллион сомонӣ барои садбандии ин дарёча ҷудо карда буд. Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, ки таасуфан ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ пурра анҷом наёфта буд. Чаро ин кор дар тирамаҳ ё тобистони соли гузашта анҷом нашуд, суолест бепосух.

Аммо коршиносн посухи инро сари манфиати мансабдорон мебинанд. Амрохон Сафаров, як коршинос мегӯяд, дар ҳақиқат ягона ҷое, ки ба ҳузур маблағро метавон ба истилоҳ “списат” кард, ҳамин соҳилмустаҳкамкунист. Зеро масъулин ба қадри сифр кор мекунанд, вале ҳангоми обхезӣ ҳамаи онро “списат” мекунанд.

Ҳамин аст, ки Ҳамид Абдуллоев ба суоли рӯзноманигорон, ки касе барои ин офат, ки ҷони даҳҳо нафарро рабуд, ҷавобгар аст ё не, ҷавоби рад дод. Ба қавли ӯ, ин сел дар паи шикастани пулҳои иртиботӣ, ки роҳи селро бастанд, чунин кардааст ва ба ин набояд касе ҷавоб гӯяд.

Даҳҳо нафар кушта ва даҳҳои дигар бе ному нишон

Дар мавриди омори кушташудагон ва афроди бе номунишоншударо то ҳол касе дақиқ намедонад. Масъулин шаҳр мегӯянд, 13 нафар кушта ва 30 нафари дигар бе ному нишон шудааст. Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода танҳо шумораи ҷасадҳои пайдошударо 16 нафар бе номунишон шудагонро зиёда аз 40 нафар медонад. Шоҳидон ин шумораро ба садҳо нафар баробар медонанд.

Файзулло Ҳасанов, як сокини маҳаллаи Чармгари Поён мегӯяд, ҳоло ҳама сар гуму раҳгум аст ва касе омори дақиқро дар ин маврид намедонад. Ба ҳисоби худи ӯ, танҳо аз 5 оила 13 нафар ҳалок шудааст, ки аз ин 11 ҷасад пайдо шудааст. Назди баъзе хонаҳо сангу гил то бомҳо мерасад ва шояд зери онҳо даҳҳо нафари ҳалокшуда боқӣ монда бошад.

Муаллифи ин матлаб низ шоҳиди ба берун баровардани беш аз даҳ ҷасад буд.

Магар ин фоҷеаи миллӣ набуд?

Дар ҳоле, ки сокинон худ ба ҷустуҷӯи ҷасади наздиконашон шуғл доштанд, шаҳрдорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфа месупурд. Мардум дар ҳолати шок қарор дошт ва касе аз масъулин ба онҳо кӯмаки молиявӣ он сӯ истад, ҳатто кӯмаки равонӣ намерасонд.

Мо шоҳид будем, ки мардум танҳо худ ба ҷустуҷӯ ва берун кашидани ҷасадҳо аз зери хоку обу лой буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода танҳо чанд тасмачарху кранро ба дохили ин дарёча ворид карда, ба берун кардани сангу шағал машғул буданд. Фаъолияти онҳо нушдорӯи пас аз маргро ба ёд меовард.

Оё раҳои вуҷуд дошт?

Ҳукумат ва дигар ниҳодҳои марбута на танҳо натавонистанд мардумро огаҳ кунанд, балки онҳоро натавонистанд аз ин офат огаҳ кунанд.

Аслиддин Достиев мегӯяд, замоне соати 2-и шаб ба Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатзои фавқулода занг задам ӯ дар хоб буд ва аз ин ҳодиса хабар надошт. Бад ин тартиб кули масъулин соати 8 аз ин ҳодиса хабрдор шуданд, ҳарчанд, ки баъдан иддао доштанд, ки мо аз шаб дар ҷои ҳодисаем.

Аммо сокинон мегӯянд, агар онҳоро касе аз омадани ин сел хабар медод, шояд талафот чунин бузург намешуд.
XS
SM
MD
LG