Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон амалкарди Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, Кореяи Шимолӣ бояд ба ҷурми ғарқ кардани киштии Кореяи Ҷанубӣ бо пайомадҳои байнулмилалӣ рӯбарӯ гардад. Ин нуктаро Клинтон дар Токио пойтахти Ҷопон баён дошт ва сафари ӯ ба минтақа дар Чин ва Кореяи Ҷанубӣ идом ахоҳад кард. Вай дар ҳоле ба ин ҷо сафар мекунад, ки як рӯз пеш чандин кишвари ҷаҳон ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ба киштии Кореяи Ҷанубиро шадидан маҳкум карданд. Пас нашри гузориши Сеул, ки ғарқ шудани киштиро кори Пхенян номид, Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки ба ин тӯҳмат ҷавоби расо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG