Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади муҳоҷири тоҷик дар Маскав


Дар як ҳаммом дар шимолу ғарби Маскав ҷасади шаҳрвани 51-солаи Тоҷикистон ёфт шудааст, ки бино бар осебшиносӣ бар асари латукӯби шадид ба ҳалокат расидааст. Ба навиштаи хабаргузории "Интерфакс" шаҳрванди солманди Тоҷикистон дар Маскав бо кӯчарӯбӣ машғул будааст. Бино бар омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон тобути 784 муҳоҷири тоҷик оварда шудааст, ки 51 нафари онҳо занон будаанд. Бахши аъзами онҳо ҷабран аз ҷаҳон гузаштаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи шуғл ва даромад ба Русия ҳиҷрат мекунанд.
XS
SM
MD
LG