Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи зиддибӯҳронии вазирони молияи Аврупо


Вазирони молияи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо роҳҳои пешгирӣ аз густариши бӯҳрони Юнон ва эҳёи эътимод ба евроро баррасӣ карданд. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ба муҷозоти сахти кишварҳое даъват кардааст, ки аз қоидаҳо қатъи назар мекунанд. Аммо бозори молиявӣ ва қурби евро дар ҳоли коҳиш қарор дошта, хатари бӯҳрони молиявии Аврупоро ба миён овардааст. Порлумони Олмон акнун ширкати ин кишварро дар ташкили бунёди зиддибӯҳронии Аврупо баррасӣ мекунад, ки қарор аст, бояд бо 750 миллиард евро иборат бошад.
XS
SM
MD
LG