Пайвандҳои дастрасӣ

Дарёфти шикастпораҳои ҳавопаймои "Помир Эйрвейз"


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, шикастпораҳои ҳавопаймои ширкати "Помир Эйрвейз"-ро, ки чаҳор рӯз пеш дар кӯҳҳои Ҳиндукуш суқут кард, дарёфтаанд. Кафили вазири нақлиёт ва ҳавонавардии мулкии Афғонистон, Муҳаммадуллоҳ Батош гуфт, ягон нишонаи зинда мондани сарнишинон ба мушоҳида нарасидааст. Шикастпораҳои ҳавопаймо дар баландии 4 100 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаи Шакардараи Кобул дарёфт шудаанд. Ҳавопаймо аз Кундуз бархоста, роҳ ба Кобул дошт ва дар миёни 44 сарнишини он се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, се бритониёӣ ва як нафар шаҳрванди Амрико будаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG