Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши босуръати нархи бензин дар Душанбе


Нархи бензин дар шаҳри Душанбе дар шабонарӯзи ахир қариб 15 дарсад боло рафта, як литри он аз 3 сомониву 40 дирам ба 4 сомонӣ расид. Бино ба иттилои хабаргузории Азия-Плюс қимати бензин дар ҳоли афзоиш буда, маълум нест, дар кадом нуқта боз хоҳад истод. Як рӯз пеш Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки бо сабаби афзоиши пардохти гумрукӣ барои баровардани фуровардаҳои рӯшани нафтӣ аз Русия сар аз 1-уми май мумкин аст, ки воридкунандагон камбуди сунъии бензин, солярка ва карасин ба вуҷуд оварданд ва ё нархҳоро бардоранд. Чунин ҳолат дар гузашта низ борҳо ба вуқӯъ пайвастааст ва мумкин аст, таваққуфи систернаҳои маводи сӯхт дар роҳи оҳани Узбакистон вазъро мушкилтар гардонад.
XS
SM
MD
LG