Пайвандҳои дастрасӣ

Парвозҳои "Тоҷик Эйр" ба Киев, Иркутск ва Сочӣ


Ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр" сар аз 27-уми май аз Душанбе ба Киев, пойтахти Украина низ парвоз хоҳанд кард. Намояндаи ширкат ба хабаргузории "Авеста" гуфтааст, нархи чиптаи ин парвоз 350 евро хоҳад буд. Ҳамчунин аз ҳамин давра парвозҳои ҳафтагии ҳавопаймоҳои ин ширкат ба шаҳрҳои Иркутск ва Сочии Русия низ оғоз хоҳанд ёфт. "Тоҷик Эйр" ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон буда, дар мусофирбарӣ ва боркашонӣ аз ҳавопаймоҳои ТУ-154, Як-40, АН-24, Боинг -757, Боинг -737 ва чархболҳои МИ-8 ва МИ-172 истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG