Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли ду нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Покистон


Ситезаҷӯёне, ки ба гурӯҳи Толибон мансуб дониста мешаванд, бино бар хабарҳо ду мардро дар шимолуғарби Покистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Иёлоти Муттаҳида ба қатл расонданд. Онҳо дар Вазиристони шимолӣ ба тани ин афрод маводи мунфаҷира баста, онҳоро дар мазҳари ом тарконданд. Расми қатл дар ҳузури даҳҳо нафар ба вуқӯъ пайваст ва ду сокини минтақа ба он айбдор шуданд, ки барои зарбаи ҳавопаймоҳои бидуни халабон дар минтақаи нуфузи Ал-Қоида ва Толибон ба ҳарбиёни Амрико иттилоъ мерасондаанд.
XS
SM
MD
LG