Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи «IAAF World Challenge» дар Бразилия медали тилло ба даст овард.

Дар даври навбатии ин мусобиқи пурнуфуз бо номи GR CAIXA Unitor de Atletismo», ки дар шаҳри Форталеза баргузор шуд, зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон ширкат карданд.

Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Назаров, қаҳрамони Осиё ва ғолиби аввалин сабқати силсилаи «IAAF World Challenge»-2010 дар шаҳри Осакои Ҷопон, гурзро ба дурии 78 м 24 см ҳаво дода, ғолиби сабқат шуд.

Игор Соколов, аз Латвия, бо натиҷаи 77 м 51 см дар ҷои дуввум қарор гирифт. Артём Рубенкои укроин бо натиҷаи 77 м 02 см севум шуд.

Дилшод Назарови 28-сола, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба сабқати ҷаҳонӣ, дар даври навбатии силсилаи «IAAF World Challenge» дар Бразилия ширкат хоҳад кард. Даври навбатии ин мусобиқи пурнуфуз бо номи GR CAIXA Unitor de Atletismo» 23-юми май дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо ширкати зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG