Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, ғолиби даври Ҷоми ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг дар пойтахти Миср – шаҳри Қоҳира гардид.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олиампиадаи Пекин, дар гурӯҳи «С» рақобатҳоро аз даври дуввум шурӯъ кард. Вай нахуст бар намояндаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Гидеон ван Зил ғалабаи соф (иппон) ба даст овард.

Сипас Расул дар муборизаи шадид Питер Шарингери австриягиро шикаст дод ва дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Расул дар мубориза барои роҳхат ба даври ниҳоӣ бар варзишгари Фаронса Муҳаммад Риод, ғолиби гурӯҳи «D», дар муддати ду дақиқа бо иппон дастболо шуд.

Паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ҳалкунанда Улан Гуртиеви русиягиро мағлуб карда, бо медали тилло сарфароз гашт.

Ба ин тартиб Расул Боқиев ҳамчун ғолиби ин мусобиқа соҳиби 100 имтиёзи олимпӣ гардид. Дар мусобиқаи Гран-при дар Тунис вай барои ба 1/16 финал баромадан 24 имтиёз ба даст оварда буд. Ҳамин тариқ, имтиёзҳои олимпии Расул Боқиев ба 124 адад расид.

Вале паҳлавони дигари тоҷик Абубакр Раҳмонов дар вазни +100 кг дар аввалин қувваозмоиаш аз Ислом ал-Шаҳобӣ (Миср), ки баъдан ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд.

Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар байни 28 кишвари ҷаҳон дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 9-ум қарор гирифт.

Дастаи Фаронса бо касби 3 медали тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Русия (3-2-2) дуввум шуд. Дастаи Укроин (2-2-8) ҷои севумро азони худ кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG