Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, як моҳи ахир ба ҳаводиси кишвараш аз Белорус наззора мекунад. Дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки дар ҷараёни рӯйдодҳои Қирғизистон қарор дорад ва он чӣ, ки дар зодгоҳаш рӯх медиҳад, ошуфтаву ғамгинаш месозад.

Гунаҳкорони бегуноҳ?

Қурмонбек Боқиев ҳаводиси ахир дар шаҳри Ҷалолобод, аз ҷумла, ба оташ кашидани манзилҳои пайвандонашро “аъмоли ғайриқонунӣ” ва барояш “ғайриинтизор” хонд. Ӯ мегӯяд, “собиқадори 90-солаи ҷанг чӣ гуноҳ дошт, ки хонаашро оташ заданд. Бародари шодравони ман Юсуф, ки соли 2006 аз олам даргузаштаст, манзили худро давоми нӯҳ сол бунёд карда буд. Ин хонаи бузурге чун қасрҳои тоҷирон набуд. Чаро манзили ӯро оташ заданд? Ӯ чӣ гуноҳ карда буд? Бародари дигарам Канибек то раисҷумҳур интихоб шудани ман раёсати як мақоми маҳаллиро бар ӯҳда дошт. Баъди он ки даври дуввуми раёсаташ хатм шуд, ӯ аз мақом канор рафт ва бекор монд. Манзили ӯро чаро ба оташ кашиданд?”- суол мекунад раисҷумҳури собиқ. Боқиев меафзояд, ӯ намедонад, ки забонаи оташ дар хонаҳои пайвандонаш кори дасти ҳукумати муваққат аст ва ё иқдоми мақомоти маҳаллӣ, ки мехоҳанд ба ин васила садоқати худро намоиш диҳанд”, ва аммо рушан аст, ки “касе аз ин афрод дар андешаи кишвар ва мардум нест”.

“Ҳукумат ба идораи кишвар қодир нест”

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар идома хостори изҳори назари Боқиев дар бораи ҳаводиси рӯзи 19 май дар Ҷалолобод шуд, ки бар асари онҳо ду нафар кушта ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ӯ то куҷо ба иттиҳоми ҳукумати муваққат, ки масъулияти хушунат дар ин шаҳрро бар дӯши ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда вогузоштааст, мувофиқ аст? Боқиев дар посух гуфт, “чӣ ҳодисае, ки дар кишвар рӯх надиҳад, ҳукумати муваққат дар он раисиҷумҳури пешинро айбдор хоҳад кард”. Ӯ афзуд, ки “онҳо интихоби дигар надоранд, зеро барои идораи кишвар қодир нестанд. Мардуми қирғиз ҳама аъзои ҳукумати муваққатро хуб мешиносад ва медонад, ки онҳо дар куҷо ва чӣ гуна кор карда буданд”.

Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, айни ҳол “иқтисоди кишвар то сатҳи чанд соли ахир пойин рафтааст” ва ҳукумати муваққат амнияти Қирғизистон ва шаҳрвандонро таъмин карда наметавонад, зеро ҳанӯз ҳам ба хатми нооромиҳо муваффақ нашудааст.

Максим интиқоми падар меситонад?

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Қурмонбек Боқиев хост, то назари баъзе хонандагони сомонаи интернетии бахши қирғизии Радиои Озодиро ташреҳ кунад, ки тибқи он баъзе афроди фасодзадаи кишвар то ҳол барои хонаводаи ӯ ва ба хотири ташкили ошӯбҳо маблағ интиқол медиҳанд. Боқиев дар посух гуфт, “алайҳи ҳама бародарони ман парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳо бояд панаҳ шаванд ва бо ҳам ягон хел робита надоранд, шумо бошед дар бораи тақсими пул барои ташкили ошӯбҳо ҳарф мезанед. Онҳо чӣ гуна метавонанд ин корро кунанд. Ин нодуруст аст, онҳо дурӯғ мегӯянд”.

Дар идомаи сӯҳбат сухан аз сабти сӯҳбати телефонии писари Боқиев Максим ва бародари раисиҷумҳури собиқ Ҷаниш рафт, ки ахиран дар интернет пайдо шуд. Дар ин сабт онҳо аз ташкили табадулот ба хотири дубора расидан ба қудрат дар Қирғизистон ҳарф мезананд. Оё раисиҷумҳур аз ин тарҳи табодулот огаҳ аст?

Қурмонбек Боқиев дар посух ба ин суол гуфт, қабл аз тарки зодгоҳ ӯ бо сарвазири Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯ кард ва ҳар се ба хулосае расиданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз низоъ миёни шимолу ва ҷануби кишвар Боқиев бояд Қирғизистонро тарк намояд. Боқиев афзуд, “ман ба онҳо гуфтам, ки агар ману аҳли хонаводаам мавриди таъқиб қарор нагирем ва агар вазъ дар кишвар ба эътидол биёяд, ман омодаам, ки аз Қирғизистон берун равам”.

Ҳимоят аз Боқиев ё ҳимоят аз худ

Ва аммо оё Боқиев, аз табодулоти нави давлатӣ ба хотири дубора ба садри Қирғизистон баргардонидани ӯ ҷилавгирӣ хоҳад кард? Раисиҷумҳури пешин дар посух гуфт, “бешак, зеро ман гуфтам, ки ягон имкони бозгашти ман ба Қирғизистон мавҷуд нест ва ин гуна нақша ҳам надорам. Ман ҳамчунин гуфт, ки ин як табаддулоти мусаллаҳона буд, ки бар асари он одамони бегуноҳ кушта шуданд. Барои комилан рушан шудани он ҳаводис вақти тулонӣ зарур аст”. Ӯ афзуд, ки “агар бачаҳо дар ин бора чизе гуфтанд ва агар коре кардан мехостанд, пас ҳадс мезанам, ки амалеро анҷом доданианд. Вале ман ҳам пештар гуфтам, ки ин гуна нақша надорам”.

Қурмонбек Боқиев аз посух ба суол дар робита ба макони будубоши писаронаш Максим ва Марат худдорӣ кард ва фақат гуфт, ки айни ҳол хонаводааш дар вазъи сангин қарор дорад. Ва аммо оё раисиҷумҳури барканоршуда ҷонибдоронашро барои оромӣ ва даст бардоштан аз ҳимояаш даъват карданӣ нест? Боқиев мегӯяд, айни ҳол мардум на ба хотири дифоъ аз ӯ, балки барои он ба хиёбонҳо мерезанд, ки аз мақомоти маҳаллӣ ва ҳукумати муваққат норозиянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG