Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВР бузургтар будани миқёси ихроҷи нафтро иқрор кард


Ширкати British Petroleum иқрор кард, ки бар асари ихроҷи нафт аз чоҳи тахрибшуда дар Халиҷи Мексика назар ба иттилоъи қаблӣ бештар нафт берун мешавад. Тайи чанд ҳафтаи ахир ширкат изҳор мекард, ки ҳамарӯза аз чоҳ на бештар аз 5 ҳазор бушка нафт хориҷ мешавад. Ва аммо, бар пояи арзёбии коршиносони мустақил, ихроҷи нафт аз чоҳ чанд баробар бештар аст.
Рӯзи панҷшанбе ҳукумати ИМА дар як нома аз British Petroleum даъват кард, то дар бораи миқёси ихроҷи нафт иттилоъи дақиқ нашр намояд. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ин ҳодиса ба вазъи муҳитизистии аёлати Луизиана таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG