Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди боришоту обхезиҳои нав ба Тоҷикистон


Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои оянда резиши борони шадид боис ба вуқӯъи сел дар кишвар мешавад. Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, ки аз 21 то 23 май дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар тағйири вазъияти ҳаво ва резиши боронҳои шадид пешбинӣ шудааст. Вай афзудааст, ки хатари сел бештар ба ноҳияҳои марказии Тоҷикистон, минтақаи Рашт, ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе таҳдид мекунад. Боришоти зиёд, ки ахиран боис ба сел шуд, 18 ҳазор сокини кишварро бе манзили зист монда, тибқи иттилои расмӣ, ба риштаи умри беш аз 20 нафар миқроз задааст. Ҳавошиносони кишвар мегӯянд, ки моҳи майи соли ҷорӣ мизони боришҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта то ду баробар зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG