Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Русия барои раҳоии маллоҳон аз банди одамрабоён


Баррасии мавзӯъи пардохти маблағ барои аз банд раҳо кардани ду маллоҳи руси киштии North Spirit дар Камерун шурӯъ мешавад. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба Итиҳодияи касабаи маллоҳони Русия хабар дод. Дар бораи имкони талаби пардохти маблағ аз сӯи одамрабоён дирӯз сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия Андрей Нестеренко ҳам итилоъ дод ва гуфт, ки дар ин мавзӯъ сафири Русия дар Камерун бо раҳбарони хадамоти кашфи маҳаллӣ музокирот кардааст. Дирӯз яке аз гаравгонҳо – капитани киштӣ Борис Терсенсев бо соҳибони киштӣ дар тамос шуд. Ба гуфтаи ӯ, телефонро барояш одамрабоён додаанд.
16 май тақрибан 20 мусаллаҳ аз Нигерия дар бандари Дуалаи Камерун ба киштии North Spirit ҳамла карданд. Онҳо маллоҳонро, ки шаҳрвандони Русия ва Украинаанд, ғорат карда, капитани киштӣ Борис Терсенсев ва сармеханик Игор Шумикро бо худ бурданд.
XS
SM
MD
LG