Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф ба Покистон бармегардад


Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури собиқи Покистон, мехоҳад, ки ба ватан баргардад ва дубора ба сиёсат машғул шавад. Дар ин бора ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи тевизионии СNN хабар дод. Ба гуфтаи раҳбари собиқи Покистон, ки алҳол дар Лондон ба сар мебарад, ӯ ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар интихоботи сарвазир ширкат хоҳад кард ва ё дар интихоботи раиси ҷумҳур. Мушарраф аллакай дар бораи сабти номи ҳизби нави сиёсӣ ариза додааст. Ва аммо гуфта мешавад, ки баробари бозгашт ба Покистон раисиҷумҳури собиқ шояд дар робита ба барканор кардани додрасҳо дар соли 2007 мавриди бозҷӯӣ дар додгоҳ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG