Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Вошингтон аз пайомадҳои ногувор барои Пхенян


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА гуфт, ки мавзӯъи аз сӯи киштии зериобии Кореяи шимолӣ тарконида шудани киштии низомии Кореяи Ҷанубиро бо мақомоти Сеул баррасӣ хоҳад кард. Дар робита ба ин ҳодиса Филип Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико низ эълом дошт, ки Вошингтон амали Кореяи Шимолиро маҳкум мекунад ва ин иқдом барои Пхенян паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.
Бино ба гузориши муфаттишони байналмилалӣ, киштии “Чхонан”-и Кореяи Ҷанубӣ моҳи марти соли равон бар асари зарбаи торпедои киштии зериобии Кореяи Шимолӣ ғарқ шудааст. Дар ин ходиса 46 маллоҳ ба ҳалокат расиданд. Баъд аз нашри натоиҷи таҳқиқи ҳодиса, чанд кишвари олам Пхенянро барои ин амалаш шадидан маҳкум карданд. Ва аммо Шӯрои мудофиаи Кореяи Шимолӣ иттиҳоми Кореяи Ҷанубиро қатъиян рад карда, ҳушдор дод, ки агар бар асари ҳодисаи 26 март бо ташдиди таҳримҳои иқтисодии байналмилалӣ рӯбарӯ шавад, алайҳи Сеул “ҷанги воқеъи”-ро шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG