Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши дигаре аз "Душанбе--Чаноқ" низ пулакӣ шуд


Сар аз имрӯз бахши дигаре аз шоҳроҳи Душанбе -- Чаноқ дар фосилаи байни ноҳияи Масчо ва шаҳри Истаравшан ба шумули Хуҷанд пулакӣ шуд. Нархи роҳ барои мошинҳои сабукрав ва автобусҳои хурди гунҷоишашон то 12 нафари мансуб ба аҳолии ноҳияи Масчо 8 сомонӣ муқаррар шуд, ки дар муқобили нархи умумии 16 сомонию 80 дирам нархи боимтиёз шумурда мешавад. Қарор аст, ҳукумати ноҳия феҳрасти мошинҳои аҳолии ноҳияро ба ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" супорад. ИН дар ҳолест, ки зимни баҳси Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" ва барои таҳқиқи вазъи истифода аз роҳи пулакии Душанбе -- Чаноқ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон як ҳайати давлатӣ таъсис ёфт. Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, ин ҳайат ҳамчунин бояд таҳдоби ҳуқуқии фаъолияти "Инновейтив Роуд Солюшнз" ва ҷои дақиқи сабтиноми онро муайян кунад.
XS
SM
MD
LG