Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятии боз як узви гурўҳи полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард.

Хусрав Ғураев, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии Хатлон, дар сўҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Закир Саидмуродов тибқи се банди Кодекси ҷиноии кишвар, яъне ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (моддаи 185, қисми 1), бо роҳи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306) ва исёни мусаллаҳона ё иштирок дар он (моддаи 313) муттаҳам дониста мешавад.

Закир Саидмуродов, ки ба иддаои додситонӣ, бо ҳадафи ҷалби одамон ба узвияти гурўҳи ғайриқонунии полковник Худойбердиев аз Узбакистон ба Тоҷикистон омадааст, ахиран аз сўйи кормандони мақомоти амниятӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа боздошт шудааст.

Муфаттиш Ғураев мегўяд, нафари муттаҳам ҳанўз дар солҳои 1993-1995 дар қисми ҳарбии зери раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев адои хизмати ҳарбӣ карда, бо полковники шўришгар аз ҳамон солҳо шиносоӣ доштааст.

Таърихчаи пайвастан ба Худойбердиев

Ӯ афзуд, пас аз шикасти гурўҳи муташаккиле, ки Саидмуродов дар он шомил буд, дар соли 1997, вай бо аҳли байташ ба шаҳри Шўрчии вилояти Сурхондарёи Узбакистон фирор кардааст. Аммо ҳамдастии Саидмуродов бо сарҳанги шўришӣ Худойбердиев бо ин ба итмом нарасидааст:

«Саидмуродов ҳанўз дар моҳи августи соли 1997 ихтиёран ба гурўҳи мусаллаҳу устувори ғайриқонунии таъсисдодани Абдураҳмонов Юнус, ки ба иттиҳодияи ҷиноятии ташкилкардани собиқ полковник Маҳмуд Худойбердиев дохил мешуд, дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон шомил шуда, дар ҳайати ин гурўҳ ба ҷиноятҳои барои ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият даст задааст.

Баъд аз шикаст хўрдани ин гурўҳ вай бо аҳли оилааш ба Узбакистон фирор кардааст. Дар Тошканд Саидмуродов З. К. бо Бобоҷонов Хуршед, ки домоди бародари М. Худойбердиев - Эргаш Ҳасанов буд, вомехўрад. Бобоҷонов оид ба он ки Маҳмуд Худойбердиев аъзои гурўҳашро дар Узбакистон сарҷамъ карда истодааст, хабар дода, ўро барои ба ин гурўҳ ҳамроҳ шудан таклиф мекунад. Ба таклифи охирин ў розӣ шуда, дар шаҳри Деҳнави Узбакистон дар як хонаи истиқоматӣ 40 нафар ҷамъ шуда, машқҳои ҷисмонӣ мекунанд…

Ў ҳангоми дар ҳайати ин гурўҳи мансуб ба Худойбердиев буданаш аз ибтидои соли 1997 аввал дар дохили Тоҷикистон ва баъдан дар Узбакистон бо таври ошкоро ва пинҳонӣ вазъияти ноороми иҷтимоию сиёсии дар Тоҷикистон баамаломадаро истифода карда, бар зидди сохтори Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон фаъолона иштирок намудааст. Замоне Саидмуродов бо гурўҳе аз пуштибонони Худойбердиев ҷанҷол шуда, ба Русия рафтааст. Дар Русия бо мақсади ташкили исёни мусаллаҳонаи пешгирифтаи Худойбердиев барои ҷамъ намудани гурўҳи одамон ва бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Русия шиносони пешинаашро барои шомил шудан ба гурўҳи ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев дар Узбакистон даъват мекунад. Баъд аз он худи Закир Саидмуродов ба Тоҷикистон меояд, бо ҳадафи содир кардани ҷиноят ва одамҷамъкунӣ…»

Хусрав Ғураев, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии Хатлон
Ҳоло Закир Саидмуродов ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, дар маҳкамаи муваққатии шаҳри Қўрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад. Аммо вай ба иттиҳомоти нисбаташ эълоншуда иқрор нашуда, худро бегуноҳ хондааст.

"Ҳақиқатро фақат дар суд мегӯям"

Исмоил Иброҳимов, вакили мудофеи ҳуқуқи Саидмуродов мегўяд, нафари таҳти ҳимояташ ба ў гуфтааст, ки ба муфаттишоти додситонӣ воқеияти ҳолро баён накардааст, чун ба мунсифона баррасӣ шудани парвандааш эътимод надорад:

«Вай мегўяд, ки гапи роста дар суд мегўям. Судшавандаҳо ҳамин хел хислат доранд, ки баёноту нишондодҳояшон дар тафтишоти пешакӣ аз нишондодашон дар суд фарқ мекунад. Онҳо маъмулан мегўянд, ки муфаттишон баёноти онҳоро дар натиҷаи тазйиқу бадрафторӣ ва озори ҷисмонӣ ба даст овардаанд…»

Аммо Закир Саидмуродов ягона нафаре набудааст, ки имсол бо гумони узвият дар гурўҳи полковники ошўбгар дар қаламрави вилояти Хатлон ба даст уфтодааст. Ҳамин ҳоло додситонии минтақа ба тафтиши боз як парвандаи марбут ба пайрави Маҳмуд Худойбердиев машғул мебошад.

Раёсати корҳои дохилии Хатлон ҳам хабар дода буд, ки дар ноҳияи Қубодиён нафареро бо гумони пайравӣ ба гурўҳи ғайриқонунии Худойбердиев боздошт кардааст.

Чаро ҷонибдорони Худойбердиев аҳли ин минтақаяд?

Хонум Адолати Ҳақҷў, як сокини маҳаллӣ, ки бародараш дар гузашта бо ҷурми узвият дар гурўҳи сарҳанги шўришӣ муҷозот шудааст, мегўяд, то ин замон дар Хатлон боздошт шудани шумори афзуни пайравони Маҳмуд Худойбердиевро сабаб ин аст, ки вай дар гузашта сарварии бригадаи савораи тирандози зудамали назди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар Қўрғонтеппа ба ўҳда дошта, фирқаи низомии ў аслан аз сокинони ин минтақа иборат будааст.

Хонум Адолат меафзояд, шумори зиёди аъзо ё аскарони собиқи воҳиди низомии Маҳмуд Худойбердиев, қурбони найранг шуда ва ё зери фишори силоҳбадастони сарҳанги ошўбгар, аз ватан хориҷ гардида, ҳоло бадном шудаанд:

«Садҳо аскарбачаҳою афсароне, ки дар фирқаи Худойбкедиев хизмат мекарданд, онҳо пеш аз ҳама ба Ватан хизмат мекарданд, қасами ҳарбӣ хўрда буданд. Онҳо намедонистанд, ки баъд аз якчанд сол ё баъд аз ин воқеаҳо ҳатто хоини давлат шумурда хоҳанд шуд ва бозгаштанашон ба ватан дар хавфу номумкин хоҳад шуд. Ман гумон мекунам, ки аксари онҳо бегуноҳанд. Лекин онҳое, ки дар он ҷо пушаймон шуданд, дар ғарибиҳо азоб кашиданду ба ватан баргаштанд, дар ватан ҳамчун хиёнаткору террорист унвон шуданд, зери таъқибу фишор қарор гирифтанд. Ҳабс ҳам шуданд. Барои ҳамин аксари онҳое, ки ҳоло мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, метарсанд ва дар ғарибиҳо панаҳ мебаранд…»

Бо ин ҳол, коршиносон мегўянд, чанд мавриди дастгиршавии пайравони Худойбердиев дар Хатлон ба сардтар шудани муносиботи дипломатии Тоҷикистону Узбакистон дар ин авохир метавонад робита дошта бошад.

Ӯ ҳанӯз дар Узбакистон аст

Мақомоти додситонӣ ҳам бар ин иддаост, ки парвандаи Закир Саидмуродов гумону шубҳаҳоро дар бораи воқеан дар хоки Узбакистон панаҳ бурдани полковник Маҳмуд Худойбердиев қувват мебахшад.

Додситонӣ мегўяд, гурўҳе, ки Закир Саидмуродов ба он шомил будааст, зери раҳбарии полковники шўришгар дар бошишгоҳу тамрингоҳҳои махсуси шаҳрҳои Ҳайратони Афғонистон ва Термезу минтақаи Фориши Узбакистон дар авохири солҳои 90-ум машқҳои низомӣ анҷом медодааст.

Муфаттишон дар парвандаи Саидмуродов таъкид кардаанд, ки ҳамоно афроди алоҳида бо умури ҷалби одамон ба гурўҳи ғайриқонунии Худойбердиев дар Узбакистон сарукор доштаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмии Узбакистон чанд дафъа изҳорот додаанд, ки Маҳмуд Худойбердиев бо гурўҳи худ дар қаламрави он кишвар панаҳ набурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG