Пайвандҳои дастрасӣ

RSF талаб кард Гулнора Каримова ба Канн роҳ дода нашавад


Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) аз ширкати тарҳрезишудаи Гулнора Каримов, духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар шабнишинии зидди бемории СПИД ё ЭЙДЗ дар ҷашнвораи синемои Канн эътироз баён кард. Дар номаи худ ба унвони Бунёди омӯзиши ЭЙДЗ, ки аз тарафи ҳунарпешаи машҳур Элизабет Тейлор сарварӣ мешавад, Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ёдовар шуд, ки ин бунёд чанде пеш озодии фаъоли мубориза бо ЭЙДЗ дар Узбакистон максим Поповро талаб кардааст ва акнун намояндаи ин ҳукуматро меҳмондорӣ карданист. Попов барои нашри парвонаи таблиғотии зидди ЭЙДЗ, ки мақомот онро хилофи одату одоби маҳаллӣ шумурдаанд, ба 7 соли зиндон маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG