Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отунбоева - нахустин зани президент дар минтақа


Kyrgyzstan -- Roza Otunbaeva at a news conference of opposition leaders in Bishkek, 08Apr2010

Kyrgyzstan -- Roza Otunbaeva at a news conference of opposition leaders in Bishkek, 08Apr2010

Мувофиқи фармони нави ҳукумати муваққати Қирғизистон, то шурӯъи кори раиси ҷумҳури мунтахаб, мақоми президенти давраи гузариш таъсис ва ваколатҳои он ба дӯши Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққат вогузор шуд.

Мӯҳлати ваколатҳои раиси ҷумҳури давраи гузариш то 31 декабри соли 2011, яъне барои якуним сол муқаррар шудааст.

Дар фармон ҳамчунин зикр шудааст, ки президенти давраи гузариш аз даъвои курсии президентӣ дар интихоботҳои баъдии раёсати ҷумҳурӣ маҳрум мешавад.

Чаро президенти давраи гузариш?

Омурбек Текебоев, ноиби раиси ҳукумати муваққат рӯзи панҷшанбе, тайи як нишасти хабарӣ гуфт, дар шароити пурташаннуҷи Қирғизистон, зарурати маҳдуд кардани ваколатҳои ҳар кадоме аз аъзои ҳукумати ҷадид ба миён омад.

Ӯ афзуд, ки бо қарори ҳукумати муваққатӣ мақоми президенти давраи гузариш таъсис ёфт.

Ҷаноби Текебоев гуфт, аъзои ҳукумати муваққатӣ ба аҳзоби мухталифи сиёсӣ мансубанд, ки дар ояндаи наздик барои ишғоли курсиҳои парлумонӣ ва мақоми раёсатиҷумҳурӣ байни ҳам вориди сабқат хоҳанд шуд.

Ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ гуфт, қонунгузориҳои кишвараш тақозо кардаанд, ки бо ҳадафи ширкат дар ин сабқат, аъзои ҳукумати нав дар давраи интихобот бояд ваколатҳои худро мутаваққиф созанд.

Омурбек Текебоев мегӯяд, Қирғизистон наметавонад бидуни раҳбар бошад, аз ин лиҳоз ҳукумати муваққат таъсиси мақоми раёсатиҷумҳурии давраи гузаришро ба мақсад мувофиқ мешуморад.

Аввалин зани президент дар Осиёи Марказӣ

Интихоботи президентии кишвараш моҳи октябри соли 2011, бидуни ширкати Роза Отунбоева баргузор хоҳад шуд.

Ҷаноби Текебоев роҷеъ ба Отунбоева супурдани ин масъулият гуфт, аъзои ҳукумати ҷадид баъди машварат ба ин натиҷа расиданд, ки Отунбоева дар давраи гузариш Роза Отунбоева арзандатарин раиси ҷумҳур хоҳад буд..

Ба таъкиди ӯ Роза Отунбоева, аввалин занест, ки дар Осиёи Марказист ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пазируфта шуд.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатӣ гуфтааст, ки ба хотири сулҳу субот ва дурнамои неки Қирғизистон омодааст дар оянда аз мақоми сарварӣ даст бикашад.


Даъвати САҲА аз ҷонибҳои даргири Қирғизистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG