Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои Русия аз "хатари марговар"-и Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд


Расонаҳои ахбори оми Русия бо нашри хабарҳо дар бораи густариши бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон ба ташдиди сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия даъват кардаанд. Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз коршиносои Русия навиштааст, бо сабаби парвозҳои мустақим ба Екатеринбург ва шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик 2 дарсади кӯдакони вилояти Свердлов зери хатари сироят мебошанд. Нашрияҳои Русия хабарҳои ИТАР-ТАСС-ро дар бораи афзоиши беморон дар Тоҷикистон дар сафҳаҳои аввали худ нашр карда, рӯзномаи "Хакасия" сархат додааст, ки "Тоҷикистон ба Русия бо бемории марговаре таҳдид мекунад."
XS
SM
MD
LG