Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқод аз Кореяи Шимолӣ барои ҳамла ба киштии Кореяи Ҷанубӣ


Чандин давлати ҷаҳон Кореяи Шимолиро барои ғарқ кардани киштии Кореяи Ҷанубӣ дар моҳи март, ки боиси ҳалокати 46 маллоҳ шуд, маҳкум карданд. Бритониё гуфт, ҳадафи торпедо қарор додани ин киштӣ бефарқии комили Кореяи Шимолиро дар баробари ҳаёти инсонҳо нишон медиҳад. Австралия онро як амали хасмона ва беасос номид. Ҷопон мегӯяд, ин воқеа ба эҳёи гуфтушунидҳои халъи силоҳи ҳастаӣ бо Пхенян латма задааст. Кореяи Шимолӣ масъулияти ҳамла ба киштии Кореяи Ҷанубиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG