Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии шаҳрванди Тоҷикистон дар Додгоҳи Аврупо


Бино ба ҳукми Додгоҳи Аврупо ҳукумати Русия наметавонад, шаҳрванди Тоҷикистон Зикруллоҳхон Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод кунад, зеро Хоҷаев дар Тоҷикистон бо муносибати бераҳмона ва шиканҷа рӯбарӯ хоҳад гашт. Хоҷаев дар соли 2001 баъд аз он ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ба узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир айбдор карданд, ба Русия фирор овард, аммо дар ҳоле ки хостори паноҳандагии сиёсӣ буд, аз тарафи полиси Маскав боздошт шуд. Русия ба Хоҷаев мақоми паноҳанда надод ва ду дафъа парвандаи истирдоди ӯро муҳокима шуд. Вай бо кӯмаки ҳомиёни ҳуқуқи башар ба Додгоҳи Аврупо муроҷиат кард ва пирӯз гардид. Додгоҳ ҳамчунин ҳукумати Русияро ба пардохти 15 ҳазор евро товон ба Хоҷаев маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG