Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар суқути ҳавопаймо


Манобеи Тоҷикистон мегӯянд, яке аз халабонҳои ҳавопаймое, ки се рӯз пеш дар Афғонистон суқут кард, шаҳрванди Тоҷикистон буда, эҳтимолан ду халабони дигари он низ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Хабаргузории “РИА Новости” ба нақл аз манобеи сафорати Русия дар Кобул иттилоъ дод, ки яке аз халабонҳо, Александр Деймуров, шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия будааст. Ҳамчунин сокини деҳаи Ҳадишаҳри ноҳияи Масчои вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ занг зад ва гуфт, яке аз ин халабонҳо бо номи Гулмаҳмад Қурбонов аз хешовандони ӯст. Ҳавопаймои АН-24, ки бо 44 сарнишин аз шаҳри шимолии Афғонистон - Кундуз ба сӯи Кобул парвоз мекард, бар асари вазъи номусоиди ҳаво, дар болои гарданаи Соланг суқут кард. Аввалин порчаҳои он танҳо имрӯз кашф шудаанд.
XS
SM
MD
LG