Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди қуюди шабгардӣ дар Таиланд


Пас аз ҳамлаи марговари нерӯҳои давлатӣ ба мӯътаризон мақомоти Таиланд қуюди шабгардиро дар Бангкок ва 23 вилояти дигари кишвар ба се рӯзи дигар тамдид карданд. Сухангӯи ҳукумати Таиланд Понитон Ватанякорн имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Бангкок гуфт:
"Аз 9-и шом то 5-и субҳ қуюди иловагӣ эълон шуд ва акнун се рӯзи дигар давом хоҳад кард."
Амалиёти зидди эътирозгарон дар Бангкок ба камияш 50 кушта ба ҷой гузошт ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Зиёда аз 20 бино дар маркази шаҳр ҳанӯз месӯзанд. Эътирозгарон, ки аз фаъолони чапгаро, тарафдорони мардумсолорӣ ва пуштибонони сарвазири пешин Таксин Шиноватра иборатанд, ҳукумати феълиро ғайриқонунӣ мешуморанд ва баргузории интихоботи навро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG