Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони коршикании сартосарӣ дар Юнон


Иттиҳодияҳои касбии Юнон нақша доранд имрӯз бар зидди барномаҳои сарфаҷӯӣ ва коҳиши пардохтҳои иҷтимоӣ коршикани сартосарӣ баргузор кунанд. Интизор меравад, ниҳодҳои буҷавӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз кор монда, дар Афина як раҳпаймоии пуриздиҳом баргузор шавад. Полис мехоҳад аз хушунат дар ин тазоҳурот пешгирӣ кунад. Дар айни чунин раҳпаймоӣ рӯзт 5-уми май се нафар зерипо монда, ба ҳалокат расиданд. Барномаи сарфаҷӯӣ ва коҳиши пардохтҳои иҷтимоии давлати Юнон барои он ба тасвиб расид, то кишвар битавонад ба 110 миллиард кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул дастрасӣ пайдо карда, аз варшикастагӣ эмин монад.
XS
SM
MD
LG