Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Халабонони ҳавопаймои суқуткарда - шаҳрвандони Тоҷикистон


Шаҳрванди Тоҷикистон будани ҳадди ақал ду тан аз халабонҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Афғонистон таъйид шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ин хабарро тайд кардааст.

Халабони ҳавопаймои АН-24, ки се рӯз пеш дар Афғонистон суқут карда буд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ин хабарро манобеи сафорати Русия дар Кобул таъйид кардаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазрати Хориҷаи Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «Дирӯз консули Тоҷикистон дар вилояти Кундуз ҷаноби Атоев ба Вазорати хориҷа тамос гирифта ва аз суқути ҳавопаймои АН- 24, иттилоъ дод. Дар миёни халабонҳояш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, вале ҳанӯз шахсияти онҳо шинохта нашудааст. Дар сурати таҳқиқи ин ҳодиса ва пеш омадани хабари тоза ҳатман вазорати дар ҷараён гузошта мешавад».

Аммо хабаргузории “РИА Новости” аз қавли манобеи сафорати Русия дар Кобул иттилоъ медиҳад, ки як халабони ин ҳавопаймо, Александр Деймуров шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русияро доштааст.

Александр Деймуров ва Гулмаҳмад Қаюмов, тибқи қарордод бо ширкати ҳавопаймоии Афғонистон “Pamir Airways”, кор мекардааст.

Ҳамчунин, субҳи имрӯз, як хонандаи сомонаи Озодӣ ба мо занг зад ва гуфт, ҳамаи чаҳор халабони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ гуфт, яке аз ин халабонҳо бо номи Гулмаҳмад Қурбонов аз хешовандони ӯст.

Як халабонҳои дигари Тоҷикистон, Саъдӣ Одинаев, ки тибқи қарордод дар яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон кор мекунад, мегӯяд, ки шахсан ду халабони тоҷики ин ҳавопаймои АН-24-ро мешинохт, ки аз шарикдарсони ӯ будаанд: «Дар Афғонистон чаҳор ширкати ҳавопаймоӣ фаъол аст ва "Помир" ширкате аст, ки аслан ба анҷоми парвозҳои дохили Афғонистон машғул аст. Ва Гулмаҳмаду Александр Деймуровро мешинохтам, онҳо ба хатҳои сайри мухталиф парвоз мекарданд».

Ин ҳавопаймои АН-24, ки аз шаҳри шимолии Афғонистон - Қундуз сӯи Кобул парвоз мекард, бар асари вазъи номусоиди ҳаво, дар болои гарданаи Соланг суқут намуд.

44 сарнишин, аз ҷумла, ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, савори ин ҳавопаймо буданд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳамаи онҳо ба ҳангоми ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ҷойи суқути ҳавопаймо ду рӯз баъд аз ҳодиса тавассути халабонони чархболи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ошкор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG