Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар як иттилоия гуфтааст, ки Тоҷикистон барои кӯмак ба зарардидагони обхезии рӯзи 7-уми май дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он 5,3 миллион доллар дархости кӯмак кардаааст.

Бино ба гузорише, ки ҳукумати Тоҷикистон ба СММ пешниҳод кардааст, дар натиҷаи обхезиҳои ахир 40 нафар кушта, 33 нафар бедарак ва ҳадди ақал 88 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин 4, 5 ҳазор нафар бехонумон шуда ва манзилҳои худро бар асари обхезӣ тарк кардаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба гузориши ҳукумат ба СММ ҳудуди 16 ҳазор нафар бар асари обхезӣ молу чорво ва заминҳои кишти худро аз даст додаанд.

Кай 5,3 миллион $ кӯмак мерасад?

Майкл Ҷонс, ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки зарардидагони Кӯлоб, ки дар хаймаҳо ба сар мебаранд ба кӯмаки муддавом ниёз доранд, то замоне, ки зиндагии худро дубора ба роҳ андозанд.

Ба гуфтаи Ҷонс, акнун ҳамаи умед ба ҷомеаи байналмилалист, ки осебдидагонро кӯмак кунад. Вале роҷеъ ба замни оғози ин кӯмакҳо ҳарфе гуфта нашудааст.

Ин маблағ, дар сурати дастрас шудан, барои таъмини сокинони хаймаҳо ба ғизо, оби ошомиданӣ, барқароркунии заминҳои кишт ва шароити беҳдоштӣ масраф хоҳад шуд.

Гуфтанист, қаблан низ намонядагони доимии Тоҷикистон дар СММ ва САҲА аз ҷомеаи байналмилалӣ барои осебдидагони офтаҳои табиӣ дархости кӯмак карда буданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG