Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Кореяи шимолӣ ба Сеул


Шӯрои дифоъи Кореяи Шимолӣ бо пахши як изҳорот натоиҷи тафтиши сабабҳои ғарқ шудани киштии низомии “Чхонан”-и Кореяи ҷанубиро “тақаллубӣ” номид. Мақомоти низомии Кореяи ҷанубӣ бо такя ба натоиҷи тафтишот гуфтанд, ки киштӣ рӯзи 26 марти соли равон мавриди ҳамлаи дарёнавардони Кореяи шимолӣ қарор гирифта буд.
Пхенян ҳушдор дод, ки дар сурати эъмоли таҳримҳои нав болои Кореяи шимолӣ алайҳи ҳамсояҳои ҷанубияш ҷанг эълон хоҳад кард. Аз ин пеш раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Ли Мен Бак, дар вокуниш ба натоиҷи тафтиши сабабҳои суқути киштии "Чхонан" изҳор намуд, ки алайҳи Пхенян "аз чораҳои шадиди ҷавобӣ" кор гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG