Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: ИМА барои таҳримҳои нав пойфишорӣ мекунад


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дар сӯҳбати телефонӣ бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки Вошингтон, чун пештара, барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Эрон пойфишорӣ хоҳад кард. Аз ин пеш Бразилия ва Туркия, аъзои даврии Шӯрои амнияти СММ, тақозо карда буданд, ки эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон мавқуф гузошта шавад.
Дирӯз панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амният ба иловаи Олмон тарҳи қатънома оид ба таҳримҳои нав алайҳи Эронро ба Шӯрои амнияти СММ ироа карда буданд. Қатъномаи нав, аз ҷумла, таҳкими таҳримҳо алайҳи бархе аз сохторҳои молиявӣ ва муассисаҳои эрониро дар назар дорад.
Ин тарҳ ба Шӯрои амнияти СММ як рӯз баъд аз он пешниҳод гардид, ки Эрон барои табодули сӯхти ҳастаияш дар қаламрави Туркия розӣ шуд. Ва аммо ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Чин ин чораҳоро барои исботи аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон нокофӣ мехонанд. Эрон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG